22 Июн 2026 - 12:36
Source: ABNA
New York Times: Ҷангафрӯзии Амрико қудрати Эронро мустаҳкам кард

Як рӯзномаи амрикоӣ ба бенатиҷа будани ҷангафрӯзии ин кишвар алайҳи Эрон ва дасти болоии кишвари мо дар шароити кунунӣ иқрор кард.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абно», рӯзномаи The New York Times гузориш дод: Пас аз чор моҳ аз оғози ҷанг алайҳи Эрон чӣ тағйир кард? Чизи зиёде тағйир накардааст. Барномаи ҳастаии Эрон пойбарҷо буда ва сарнавишти мушақҳои баллистикӣ ба музокироти баъдӣ муколла шуда ва нерӯҳои вобаста ба Эрон дар минтақа ҳанӯз ҳузур доранд.

Дар ин гузориш омадааст: Ин тавофуқ ифодагари бартарии низомии Амрико нест, балки баръакс маҳдудияти қудрати Амрико дар идома додани шиддатро нишон медиҳад. Теҳрон тавонист яке аз нуқтаҳои заифи худро ба манбаи қудрати нав дар тангоби Ҳурмуз табдил диҳад. Ин ҷанг қудрати Эронро дар истифодаи тангоби Ҳурмуз ҳамчун як воситаи фишори стратегӣ нишон дод.

Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст: Дар асоси тавофуқи Эрону Амрико, Теҳрон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ аз ҷумла лағви муҳосираи баҳрӣ ва таъсиси фонди бозсозӣ ба арзиши 300 миллиард доллар ва озодсозии амволи басташуда даст меёбад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha